Question № 00452
Шартҳои рӯзаи моҳи Рамазон ва аз чӣ худдорӣ кардани онро гӯед?
Question:
Шартҳои рӯзаи моҳи Рамазон ва аз чӣ худдорӣ кардани онро гӯед?
Саволдиҳанда:Илҳом
Answer:
Шартҳои вуҷуби рӯза иборат аст аз ислом, булуғ, ақл, саломатӣ, иқомат вашартҳои сиҳҳати он иборат аст аз ният, пок будан аз ҳайзу нифос, пок будан аз ашёе, ки онро табоҳ мекунанд. Рӯза ин аст, ки аз дамидани субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб аз хӯрдану нӯшидан ва ҳамбистарӣ худдорӣ мекунед. (“Ал-фиқҳул-исломӣ ва адиллатуҳу”, ҷ. 3, саҳ 1663-1669)