Question № 00462

Ман ба ҳайси консултант шуда дар ширкати хориҷие кор мекунам, ки молҳои парфюмерӣ ва косметикӣ доранд.Мувофиқи ҳадиси Расулуллох (с) занҳо бояд дар кӯча ва назди дигар мардони бегона атр ва дигар ...

Question:

Салому алайкум ва рахматуллоҳ! Суоле доштам, мехостам посухи аниқ гирам. Ман ба ҳайси консултант шуда дар ширкати хориҷие кор мекунам, ки молҳои парфюмерӣ ва косметикӣ доранд. Асосан молҳои мо барои занҳо аст. Мувофиқи ҳадиси Расулуллох (с) занҳо бояд дар кӯча ва назди дигар мардони бегона атр ва дигар маводҳои ороишӣ накунанд. Аммо мизоҷоне, ки мо ба онҳо молҳоямонро пешниҳод мекунем, зиёдашон аз ин ҳадис бехабаранд ва зиёдашон ба қавле гӯем "совримениянду" дар ҳама ҷо худро ороиш дода мегарданд. Суолам чунин аст, ки оё ман ҳам дар гуноҳи онҳо назди Аллоҳи Субҳон гуноҳ мегирам. Дигар суолам он аст, ки оё даромаде, ки аз фурӯши ин духиву маводҳои ороишӣ ман мегирам, аз хариди ин гуна занҳо оё барои ман ҳалол аст ё не? Хоҳиш доштам, ки зудтар ҷавоб медодед, чунки аз ҷавоби шумо фаъолияти ояндаи ман вобастагӣ дорад. Ташаккур! Аллоҳ нигаҳбонатон! 

Саволдиҳанда:Марям.

Answer:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, ин гуна ашёе, ки шумо гуфтед, истеъмоли онҳо барои занон ҷоиз аст, аммо фақат барои шавҳарони худ, чунки хушбӯӣ ва зебоӣ дар дини мубини Ислом матлуб ва писандида аст. Албатта он заноне, ки барои дигарон худро ороиш медиҳанд, шумо дар гуноҳи онҳо шарик нестед, чунки Худованд касеро ба гуноҳи касе азоб намекунад. Чунончи дар Қуръони карим мефармояд:

وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَىٰ 

«Ва ҳеҷ бардорандае бори дигареро набардорад». («Сураи «Исро», 15).

Он даромаде, ки шумо аз ин гуна ашё ба даст меоред, ҳалол аст, Худованд боз ҳам диёнати шумо зиёда гардонад. 

2016-06-14
2981
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38