Home Questions and answers Ruza Question № 00464

Question № 00464

Ассалом муфтии гиромӣ! Ман дар маҳаллаи Советский-1 зиндагӣ мекунам. Дар маҳаллаи мо тибқи мазҳаби ҳанафӣ он тақвиме, ки Маркази исломӣ баровардааст, шом дертар мешавад. Оё тибқи Қуръон ифтор...

Question:

Ассалом муфтии гиромӣ! Ман дар маҳаллаи  Советский-1 зиндагӣ мекунам. Дар маҳаллаи мо тибқи мазҳаби ҳанафӣ он тақвиме, ки Маркази исломӣ баровардааст, шом дертар мешавад. Оё тибқи Қуръон ифтор муайян нашудааст? Ишораи «лайл» аввали шаб набуда, пас чӣ аст? Тибқи тақвими шумо рӯзи равшан аст ва ханӯз нурҳо ва рӯшноии офтоб дида мешавад. Баъдан ин ҷо салафиҳо зиёданд ва ҳатто пештар аз тақвим рӯзаашонро мекушоянд ва байни мардум ихтилоф меандозанд. Ман тақвими раҳматии муфтии ҳанафиро дорам, ки Маркази исломӣ барои як сол чоп мекард. Он ҷо санаи 11 июн вақти ифтор 7 дақиқа дертар шом нишон дода шудааст. Оё 5 дақиқа барвақт рӯзаро кушодан тибқи тақвими шумо рӯзахӯрӣ нест? Мутаассифона муаззинҳои ҳанафӣ хеле кам мондааст. Рӯзаи мардумро мехӯронанд. Тақвимро тибқи ҳамон тақвимҳои солонае, ки дар вақти раҳматии муфтии ҳанафӣ буда тартиб диҳед, ягон мушкилӣ дорад? 

Саволдиҳанда:Кароматулло.

Answer:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ин вақтҳои таъйиншуда дар тақвими Маркази исломӣ фақат кори як ё ду олим нест, балки ҳайати Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон онро таъйин кардаанд. Ин на ба ояти Қуръон хилоф аст ва на ба вақти таъйиншуда аз дидгоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ. Ногуфта намонад, ки ононе, ки тамоман вақтро мегузаронанд ва шаб мекунанд ва ҳатто интизори баромадани ситора низ мешаванд, ин мавқифи аҳли ташайюъ аст, на аз аҳли суннат, чунки аҳли суннат дар аввали вақт кушодани рӯзаро суннат медонанд. Чунончи дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

  لاَ يَزَالُ النَّاسُ بِخَيْرٍ مَا عَجَّلُوا الْفِطْرَ

«Ҳамеша мардум машмули хайр ҳастанд, модоме ки дар ифтори рӯза таъҷил кунанд». (Ривояти Тирмизӣ).

Инчунин дар китобҳои фиқҳи ҳанафӣ омадааст, ки агар дар моҳи Рамазон ҷамоате намози шомро панҷ ё ҳафт дақиқа таъхир кунанд, ҳеҷ боке надорад. («Фатовои Раҳимӣ», ҷ. 7, с. 241).

Тақвими феълии Маркази Исломӣ тибқи мазҳаби ҳанафӣ буда, натиҷаи кори мутахассисон аст. Бинобар ин,  шумо пайравӣ кунед, аҷр мегиред.

2016-06-14
4048
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

26.12.2024

More
Fajr06:05
Zuhr12:40
Asr15:16
Maghrib17:14
Isha18:44