Question № 00473
Домуллои муҳтарам, оё додани закот барои ҳамсароне, ки ягон ҷо кор намекунанд ва ё молу пул надоранд, ҷоиз аст?
Question:
Домуллои муҳтарам, оё додани закот барои ҳамсароне, ки ягон ҷо кор намекунанд ва ё молу пул надоранд, ҷоиз аст?
Саволдиҳанда:Маҳмаднабӣ.
Answer:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, бояд донист, ки на закоти зан барои мард ҷоиз аст ва на аз мард барои зан, аз ин рӯ, дар масъалаи мазкур закот адо намешавад. Ногуфта намонад, ки нафақаи зан дар зиммаи шавҳар воҷиб аст, онро аз пули худ бояд дод, на аз пули закот. Чунки моли закот ҳаққи фақирон ва мискинон аст, чунончи дар китоби «Фатҳу бобил-иноя», с. ҷ. 129 омадааст:
لا إِلى مَنْ بَيْنَهُمَا وِلادٌ
«Закот ба касе, ки байнашон робитаи заношӯӣ вуҷуд дорад, адо карда намешавад».