Question № 00475
Ман бе назардошти рӯҳи касе Қуръони маҷидро хонда хатм мекунам, бинобар ин савоби онро ба касе намебахшам, баъдан онро ҳамчун хатми омодашуда ба рӯҳи касе бахшида метавонам?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман бе назардошти рӯҳи касе Қуръони маҷидро хонда хатм мекунам, бинобар ин савоби онро ба касе намебахшам, баъдан онро ҳамчун хатми омодашуда ба рӯҳи касе бахшида метавонам?
Саволдиҳанда:Азиза.
Answer:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Хондан ва хатм намудани Қуръони маҷид аз ҷумлаи амалҳои шоиста маҳсуб мегардад. Аз дидгоҳи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат савоби онро ба гузаштагон расонидан раво мебошад. Барои расонидани савоб низ вақти махсусе муайян нашудааст. Бинобар ин, хатм намудани Қуръони маҷид бе назардошти рӯҳи касе ва баъдан расонидани савоби он ба рўҳи касе ҳеҷ мамнуъияте надорад.