Question № 00482
Дар бомдод ба ғайр аз намози суннату фарз боз ду ракъат наомзи шукр, ду ракъат барои ҳаққи волидайн, ду ракъат барои ҳаққи арвоҳҳои гузашта, дар пешин ба ғайр аз суннату фарз боз ҳашт ракъат намози қазоии гузашта ва шаш ракъат намози...
Question:
Салом муфтиёти муҳтарам. Қариб муддати як сол мешавад, ки намозҳои нофила мегузорам. Ин тарзи намозро касе ба ман нишон надода буд, вале имрӯз дарк мекунам, ки баъзе онҳоро хато мехонам, чунки хондани ман аз дигарон фарқ мекунад. Дар бомдод ба ғайр аз намози суннату фарз боз ду ракъат наомзи шукр, ду ракъат барои ҳаққи волидайн, ду ракъат барои ҳаққи арвоҳҳои гузашта, дар пешин ба ғайр аз суннату фарз боз ҳашт ракъат намози қазоии гузашта ва шаш ракъат намози дар бомдод қайдшуда, дар дигар намозҳо низ ҳамчунин. Хулоса дар як рӯз ба ғайр аз намозҳои шартбуда боз чилучор ракъат намози дигар мегузорам. Магар гузоштани чунин намозҳо дуруст ва ҷоиз аст? Саволи дигарам ин аст, ки номам Самир аст, дар мусулмонӣ чунин ном мумкин аст? Боқӣ Худо нигаҳбонатон.
Саволдиҳанда:Самир.
Answer:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, баъд аз дамидани субҳ ва пас аз адои намози аср, инчунин дар вақти баромадан ва нишастани офтоб ва ҳангоми нисфирӯзӣ гузоридани намози нофила ҷоиз нест. Дар дигар вақтҳо чӣ меқдоре, ки шумо мехоҳед, мувофиқи тоқат ва имкониятатон дуруст аст. Барои дуруст гузоридани намозҳои нофила шумо метавонед аз як донишманди моҳири илми шариат пурсон шавед ё ки ба сомонаи Маркази исломӣ пайваста дар тамос бошед. Посухи суоли дуюм: Аслан дар шариати Ислом номҳое, ки ба Худованд нисбат дода шудаанд ё ки ба номи пайғамбаронаш мувофиқ бошанд, хуб ва дӯстдошта ҳастанд. Илова бар ин, ҳар номе, ки маънои дуруст дошта бошад, гузоштани он низ ҷоиз аст. Маънои номи шумо, ки ҳамсухани дар шабро ифода мекунад, низ дуруст аст ва дар он ҳеҷ монеъе нест. (“Нафъул-муфтӣ”, с. 51)