Question № 00490
Дар шаби 27-уми моҳи шарифи Рамазон кадом намозҳоро хондан мумкин аст? Илтимос, тарзи хондани намози шаби Қадрро мегуфтед, ки кадом сураҳоро хондан мумкин аст ва тарзи нияти онро мефаҳмондед.
Question:
Ассалому алайкум! Дар шаби 27-уми моҳи шарифи Рамазон кадом намозҳоро хондан мумкин аст? Илтимос, тарзи хондани намози шаби Қадрро мегуфтед, ки кадом сураҳоро хондан мумкин аст ва тарзи нияти онро мефаҳмондед.
Саволдиҳанда:Н.
Answer:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, намози шаби 27-уми Рамазон низ мисли намозҳои нафлӣ хонда мешавад. Метавонед, ки ду ракъат ва ё чаҳор ракъат ният карда намоз гузоред, вале сураи хоссе дар ин намоз таъйин нашудааст, ҳар сураеро, ки хонед, дуруст мешавад. Яъне пас аз сураи “Фотиҳа” кадом сураеро, ки медонед, бихонед. Илова бар ин, шумо метавонед дар ин шаб ба тиловати Қуръон, хондани зикрҳо аз қабили “Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи, субҳоналлоҳил-азим”, “Астағфируллоҳ”, “Ҳасбияллоҳу ва ниъмал-вакил” ва ғайра машғул шавед. Аз сураҳо бошад, метавонед сураи “Ихлос” ва сураи “Қадр”-ро бисёр бихонед. Инчунин дуои хоссе, ки дар ин шаб ривоят шудааст, ин дуо аст: “Аллоҳумма иннака афуввун каримун туҳиббул-афва, фаъфу аннӣ” – Худовандо, ту бахшанда ва бокарам ҳастӣ, афву бахшишро дўст медорӣ, пас маро бубахш”. Худованд ибодати шаби 27-уми ин моҳро ба мову шумо насиб гардонад.