Question № 00505

Салом алейкум Худованд ҳамаи шумора нигаҳбон бошад, ки мушкилиҳои мардума дар бораи диндорӣ осон мегардонед. Рости суолҳои ман бисеранд, лекин...

Question:

Салом алейкум Худованд ҳамаи шумора нигаҳбон бошад, ки мушкилиҳои мардума дар бораи диндорӣ осон мегардонед. Рости суолҳои ман бисеранд, лекин мехоҳам ба навбат ба шумо бирасонам, якум ҳамин ки ман дар намози Ҷумъа аз даҳони домуло шунидам, ки ҳадисера нақл мекард ва мегуфт баҳхамин маъно, ки гӯё Худованд гуфта бошад, ҳар бандае, ки ба сӯи ман қадаме мегузорад, Ман ба сӯи ӯ 10 қадам мемонам ва ҳар вақто ки банда ба сӯи Ман роҳ мегардад, Ман ба сӯи ӯ медавам ва ило охар. Ман аз ҳамин гуфтаи домуло фаҳмидам, ки вақте банда аракате мекунад, бо ибодатш ба худо наздик мешавад ва Худованд ӯро ҳидоят мекунад. Лекин домулоҳои азиз маро шумо бифаҳмонед, ки чаро ман ҳарчанд кӯшише мекунам, ки як шахси ботақвову бо намоз ва дигар амалҳои шариата ба ҷо биёрам, лекин афсус, ки рӯзе нест ки ман як намоза тарк накунам, намедонам, агар рӯзе намози аср тарк накунам,аниқ аст, ки намози  хӯфтана тарк мекунам

Саволдиҳанда:Сироч мирзоев

Answer:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.Дуруст аст, ки вақте ки банда ба сӯи Худованд  ҳаракат мекунад, Худованд ба сӯи ӯ дучанд ё сечанди онроҳаракат мекунад. Дар матлаби мазкур ҳеҷҷои шак ва тардид нест. Аммо ҳаракат ба сӯи Худованд бо орзу ва таманно намудан муяссар намегардад, балки бо амал ва кӯшиш ба даст меояд. Бинобар ин, орзуи тақво намудану дар намоз кӯтоҳӣ кардан, ҳеҷҳаракате ба сӯи Худованд маҳсуб намеёбад. Ба Шумо чунин тавсия медиҳем, ки пеш аз фаро расидани вақти намоз таҳорат карда, ба намоз омода шавед. Иншоаллоҳ, ки бо тавфиқу инояти Парвардигор ягон намозро тарк нахоҳед кард. Ва дуо мекунем, ки шахси ботақвову парҳезгор шавед.

2016-07-12
2985
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38