Question № 00510
Ассалому алайкум. Лутфан ба саволи ман ҷавоб гӯед! Муҳтарам Шӯрои уламои Точикистон, масҷид ҷои даъвати дин аст ё ҷои иброзу ақидаи камбудиҳои давлати аз...
Question:
Ассалому алайкум. Лутфан ба саволи ман ҷавоб гӯед! Муҳтарам Шӯрои уламои Точикистон, масҷид ҷои даъвати дин аст ё ҷои иброзу ақидаи камбудиҳои давлати аз он даъвату камбудиҳое, ки шумо имрӯз аз минбарҳои Расули акрам (сав) мекунед, мо инро аз телевизион мебинем. Шумо гӯед фардо ба соҳиби ин минбару ин дин чӣ мегӯед имрӯз мардуми точик доранд аз надоштани ақидаи динӣ дар сафи гурӯҳхои террористӣ пайваст мешаванд, як каме ба ин миллату мардуми шариф дилсӯзиву ғамхорӣ кунед. Аз рӯи минбари Расули акрам (сав) аз ҳадису оёти Илохӣ ҳарф занед, он ҳама фитнаву дасисаҳоро дур созед аз барои Худо!!!
Саволдиҳанда:Нуриддинҷон.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, масҷид ҷои панду андарз аст, дар ҳар як кишвар имомхатибон масоили динӣ ва мавзуъҳои доғи рӯзро тариқи минбарҳо ба мардум мефаҳмонанд. Ин амали хуб аст, зеро вазифаи масҷид даъвати омма ба ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва риояи меъёрҳои шаръӣ аст. Он чи шумо гуфтед, иштибоҳ аст ё шояд ягон нафар дар ин ҷода камбудӣ карда бошад, аммо ин чунин маъно надорад, ки тамоми масоҷид ва имомхатибон нисбати масоили динӣ бемасъулият бошанд.