Home Questions and answers Haj Question № 00517

Question № 00517

Домуллои азиз, илтимос мегуфтед, ки шахсе дар ҳаҷ қурбонӣ накарда, мӯйҳояшро тарошад, барои ӯ чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?

Question:

Домуллои азиз, илтимос мегуфтед, ки шахсе дар ҳаҷ қурбонӣ накарда, мӯйҳояшро тарошад, барои ӯ чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?

Саволдиҳанда:саид.

Answer:

Ассалому алайкум бародари исломӣ, дар бораи ҳукми риояти тартиб дар байни маносики партоби санг ба ҷамраи Ақаба, қурбонӣ ва тарошидани мӯйҳо миёни имомони мазҳаб ихтилоф аст. Аз дидгоҳи Абӯҳанифа (р) риоят кардани ин тартиб воҷиб буда, ба сабаби тарки он дам (забҳ) лозим мегардад ва ин қавл дар мазҳаб мухторм аст. Лекин аз дидгоҳи Абӯюсуф (р) ва Муҳаммад (р) риоят кардани тартиб дар байни ин маносик суннат аст ва дар сурати риоят накардани он ягон хел ҷазо пешбинӣ нашудааст.

2016-07-14
5200
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

23.12.2024

More
Fajr06:03
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:12
Isha18:42