Question № 00528
Суоле дорам, таъбири ҳамин хобро мегуфтед: Баъди намози пешин дар хона хоб кардам, дар хобам дар намози ҷамоат, ба фикрам намози ҷумъа будааст, вақте ба масҷид даромадам, одам кам буд, ман хостам...
Question:
Ассалому алайкум домуллои азиз! Суоле дорам, таъбири ҳамин хобро мегуфтед: Баъди намози пешин дар хона хоб кардам, дар хобам дар намози ҷамоат, ба фикрам намози ҷумъа будааст, вақте ба масҷид даромадам, одам кам буд, ман хостам ба сафи пеш гузарам, одаме, ки дар қафои ман буд, “пеши мана нагир” гуфт. Ман хестаму дар қафо нишастам. Дар ҳамин вақт имом аллакай ба намоз шурўъ кард, ман ҳам ўро дарёфт кардам... Дар вақти “Аттаҳиёт” хондан ходимони масҷид кадом шиносам будаст, аз ду китфам гирифтанӣ шуд ва гуфт: Ба сафи пеш гузар. Вале ман “намоз набурад” гуфта ба ў аҳамияте надодам, намозро давом додам, боз ў маҷбурам кард, боз аз қафо аз ду китфам бардошт... Дар хамин вақт ман қаҳрам кардаасту «намозамро дар хона мехонам» гуфта аз масҷид баромадам...... Маънии ҳаминро мегуфтед.... Раҳмати калон!
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, Расули Худо (с) фармудаанд: “Хобҳо се навъ мебошанд. Як навъи он аз ҷониби шайтон буда, аз тарсу ваҳшат иборат мебошад. Навъи дигараш дар натиҷаи аҳамияти шахс ба коре ҳангоми бедориаш пайдо мешавад ва онро дар хоб мебинад. Навъи сеюм навъи хоби пайғамбарон аст, ин хоб дар ҳаққонияташ ҳеҷ шаке надорад. Хулоса ҳар касе хоби хуб бинад, он аз ҷониби Аллоҳ аст. Аммо агар хоби баде бошад, он аз ҷониби шайтон аст, аз ин гуна хоб ба Худо паноҳ талаб бояд кард, ба соҳибаш ҳеҷ зараре нахоҳад расид. Хобе, ки шумо дидаед, иншоаллоҳ хайр аст. (“Сунан”-и Ибни Моҷа, ҷ.2, саҳ.1285)