Question № 00538

Меъёри бӯса кардани олат дар мазҳаби ҳанафӣ чӣ қадар аст? Салафиҳо ақидаи дигар доранд. Ба қавле “минет”-ро муҷоз медонанд.

Question:

Ассалому алайкум домулло муфтӣ. Меъёри бӯса кардани олат дар мазҳаби ҳанафӣ чӣ қадар аст? Салафиҳо ақидаи дигар доранд. Ба қавле “минет”-ро муҷоз медонанд. Имрӯз ҳаминҳо фасоди ахлоқиро миёни ҷавонписарон таблиғ мекунанд ва онҳо бо ҳамсарони худ рафторҳои бад анҷом медиҳанд. Ҳатто як салафӣ бидуни ғусл намоз хонданро ҷоиз гуфтааст, дар сурате, ки дастрасӣ ба об дошта ҳам бошад.

Саволдиҳанда:Алишери Махсум

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, назар кардани мард ба олати ҳамсараш ҷоиз аст, аммо хуб нест. Чунки назар кардан ба олати якдигар дар инсон фаромӯшхотириро эҷод менамояд. Инчунин бӯса кардани олати марду зан макрӯҳи таҳримӣ аст.  (“Мухтасар-ул Қудурӣ ”, китоби Кароҳият, саҳ.719-720). Чи тавре ки медонед, Паёмбари Ислом (с) тавсия доданд, ки мусалмон бояд ба дасти рост бихӯраду бинӯшад, аммо ба дасти чап не, чаро? Чунки ба дасти чап истинҷо мекунад ва дасташ ба олаташ мерасад, аз ин рӯ набояд онро ба даҳонаш барад, ҳоло ба кадом ақлу имон даҳонашро ба олат мебарад? Бинобар ин, бародари азиз, шумо ба қавли ҳар шахси бехабару ноогоҳ амал накунед, зеро онҳо марҷаъи муътамад надоранд ва мақсади онҳо дар ҷомеаи исломӣ фасод эҷод кардан асту бас. Ғусл аз ҷанобат ба ҳукми зоҳири ояти қуръонӣ фарз шудааст, зеро Худованд дар сураи “Моида” ояти 6-ум фармудааст: “Агар шумо ҷунуб бошед, пас худро пок созед”. Бояд донист, ки ба шахси ҷунуб бидуни ғусл хондани намоз ҷоиз нест.

2016-07-27
3590
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38