Question № 00549

Дуое, ки Паёмбар (с) барои қарздорҳо гуфтаанд, ҳамон дуоро мегуфтед, зарур аст.

Question:

Салом. Дуое, ки Паёмбар (с) барои қарздорҳо гуфтаанд, ҳамон дуоро мегуфтед, зарур аст. 

Саволдиҳанда:Азиза. 

Answer:

Ва алайкумуссалом. Хоҳари азиз, агар шахсе қарздор бошад ва дар адои он меандешад, дуоҳои зайлро бихонад:

«Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-ҳамми вал-ҳузн, вал-ъаҷзи вал-касал, вал-бухли вал-ҷубн, ва залаъид-дайни ва ғалабатир-риҷол».

«Худовандо! Ба Ту аз ғаму андӯҳ ва аз нотавонию танбалӣ, аз бахилию тарс ва аз гаронии бори қарз ва ғалабаи мардон паноҳ мебарам».

Ҳазрати Анас (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с)-ро мешунидам ҳар вақт ин дуоро мехонд. (Ривояти Тирмизӣ)

Аз ҳазрати Алӣ (р) ривоят шудааст, ки ғуломе наздаш омада, аз оҷиз будан дар адои қарзаш шикоят кард ва аз ӯ кӯмак хост. Ҳазрати Алӣ (р) ба ӯ гуфт: «Оё ба ту калимаҳоеро, ки Паёмбар (с) ба ман омӯхтааст, таълим надиҳам? Агар монанди кӯҳи Сир қарз вуҷуд дошта бошад, Худованд онро адо мекунад:

 «Аллоҳуммакфинӣ биҳалолика ъан ҳаромика ва ағнинӣ бифазлика ъамман сивока».

«Худовандо! Маро ба ҳалолат қаноат бидеҳ ва аз ҳаромат нигоҳ дор ва ба фазли хеш аз ғайри худат бениёз фармо».

Ҳамчунин гуфтани «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-алиййил-азим» барои халос аз шудан аз бори қарз муассир аст.

2016-08-04
3482
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38