Question № 00551
Домуллои муҳтарам, илтимос мегуфтед, касе ки дар ракъати сеюми намози витр такбир гуфтанро фаромӯш мекунад, чӣ кор бояд кунад?
Question:
Ассалому алайкум домуллои муҳтарам, илтимос мегуфтед, касе ки дар ракъати сеюми намози витр такбир гуфтанро фаромӯш мекунад, чӣ кор бояд кунад?
Саволдиҳанда:Давлат
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, Хондани дуои қунут дар намози витр, яъне дар дохили ракъат такбир гуфтан ва дуо кардан воҷиб аст. Касе, ки хондани дуои қунутро фаромӯш карда баъд аз рукӯъ он ба ёдаш ояд, дуои қунутро ҳатман хонад, аммо агар баъд аз саҷда ё ҳинни аттаҳаётхонӣ ба ёдаш ояд ба ҷои ин дар охири намоз саҷдаи саҳв карда, намозашро ба охир мерасонад.