Question № 00558

Ассалому алайкум бобои домулло, илтимос мегуфтед, ки маънои дуо кардан чист?

Question:

Ассалому алайкум бобои домулло илтимос мегуфтед, ки маънои дуо кардан чист?

Саволдиҳанда:Аброриддин

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дуо ин худ асли ибодат аст. Калимаи “дуо” ба маънои даъват кардан, хостан орзу кардан аст ва дар адабиёти динӣ ба тамоми ҳастӣ ба Худованди Бузург муроҷиат кардани инсон ва аз Ӯ талабу хоҳиш кардан аст. Пайғамбари Худо (с) ҳангоми шарҳ додани дуо гуфтааст, ки дуо дар назди Худованд оҷиз будани инсонро ифода мекунад ва ба хотири танҳо аз Ӯ хостанаш ибодат ва ҳатто асли ибодат ба ҳисоб меравад. Ҳадафи ибодатҳо ҳам қавӣ гардонидани робитаи байни банда ва Офаридагор аст. Аз ҳамин сабаб дуо ибодате мебошад, ки робитаи байни банда ва Парвардигорашро ҳифз мекунад.

Худованди мутаъол дар Қуръони карим мефармояд: “Бигӯ (Эй Муҳаммад): “Агар ибодат ва дуоятон набошад, Парвардигори ман эътиное бар Шумо надорад” (Сураи “Фурқон”, ояти 77).

Пайғамбари Худо (с) низ мефармояд:  “Дар назди Аллоҳ таъоло чизе беҳтар аз дуо нест”(Тирмизӣ). 

2016-08-19
3153
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38