Question № 00570
Муҳтарам домулло, ман дар хобам дар рӯи инсоне навиштаҷоти Аллоҳро бо ҳарфҳои арабӣ дидам, мехостам таъбирашро фаҳмам, вале он шахсе, ки дар рӯяш лафзи Аллоҳро хондам, намедонам он шахс кӣ буд.
Question:
Ассалому алайкум муҳтарам домулло, ман дар хобам дар рӯи инсоне навиштаҷоти Аллоҳро бо ҳарфҳои арабӣ дидам, мехостам таъбирашро фаҳмам, вале он шахсе, ки дар рӯяш лафзи Аллоҳро хондам, намедонам он шахс кӣ буд.
Саволдиҳанда:Шоҳида.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, хоб ду навъ мешавад: раҳмонӣ ва шайтонӣ. Хоби рост фақат хоби пайғамбарон аст, аммо хоби ғайри пайғамбарон эҳтимоли рост ва дурӯғ буданро дорад. Агар шахс хоби даҳшатнок дида бошад, бояд намоз гузорад, дуо ва садақа кунад, нисбати хоби дидааш бадгумонӣ накунад. Хоби дидаи шумо иншоаллоҳ хайр аст, набояд, ки аз он мушавваш ва нигарон шавед.