Question № 00580
Домуллои муҳтарам мегуфтет, ки аз чӣ сабаб гушти хук ҳаром шудагӣ аст.
Question:
Ассалому алейкум домуллои муҳтарам мегуфтет, ки аз чӣ сабаб гушти хук ҳаром шудагӣ аст. Бо далелаш ҷавоб мегуфтед.
Саволдиҳанда:Махмаюсуф.
Answer:
Ваалайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ҳар мусулмон бояд пойбанди Қуръон ва аҳодиси набавӣ бошад, алалхусус дар бораи ҳалол ва ҳаром ва ҳикмати онро донистан шарт аст. Имрӯз дар таҷриба собит шудааст, ки хӯрдани гӯшти хук сабаби ворид шудани як навъ кирми кушанда ва кирмҳои дигар дар бадани инсон мегардад. Илми тибби имрӯза исбот намудааст, ки хӯрдани гӯшти хук дар тамоми манотиқи олам зиёд зиёновар аст ва муҳаққиқон мегуфтанд, ки давомнок хӯрдани гушти хук сабаби заъфи бадан ва беномусӣ мегардад.