Home Questions and answers Family Question № 00585

Question № 00585

Шахси дузанае, ки писар ва духтари нохонадоркарда дорад, ҳамсари якумашро тамоман нигоҳ намекунад, фарзандонашро суроғ намекунад, ҳаҷ рафтани ӯ қабул аст?

Question:

Шахси дузанае, ки писар ва духтари нохонадоркарда дорад, ҳамсари якумашро тамоман нигоҳ намекунад, фарзандонашро суроғ намекунад, ҳаҷ рафтани ӯ қабул аст?

Саволдиҳанда:Саидакбар.

Answer:

Бародари азиз шахси дузана мобайни занҳояш бояд баробариро риоя намояд, ҳарду занашро бояд якхела нигоҳ кунад ва ҳам фарзандонашро. Вале агар ин корро накунад, назди Худо ва Расулаш (с) гунаҳкор мешавад, зеро  Расули Худо (с) мефармоянд: «Шахсе ду зан дошта бошад ва дар байни онҳо адл, яъне баробариро риоя накунад, дар рӯзи қиёмат як тарафаш шал ё беҷон мехезад».Аммо ҳукми адои ибодатҳо ду навъ мешавад: дунявӣ ва ухравӣ, ҳукми дунявӣ саҳеҳ шудан ё ботил шудан аст, агар риояи шартҳое, ки барои адо кардани ибодат иҷро шавад, ибодаташ саҳеҳ аст, аммо агар риоя нашавад фосид ё ботил аст, ҳукми ухравии ибодат қабул шудан ё қабул нашудан аст, ҳукми ухравии ибодатро ғайр аз Худованд дигар касе намедонад.

2016-08-31
3772
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

09.01.2025

More
Fajr06:07
Zuhr12:40
Asr15:28
Maghrib17:25
Isha18:55