Home Questions and answers Aqida Question № 00606

Question № 00606

Ман доруи панкреатинро барои меъдаам истифода мекунам. Дар интернет навишта шудааст, ки дар таркиби ин дору аз равғани хук истифода мекунанд. Мезим низ ҳамин гуна аст. Вале дар дорухати дохил (коғази дохили дору) чизе аз хук навишта нашудааст. Доруфурӯш мегӯяд, ки ин равғани хук дорад.

Question:

Ассалом. Ман доруи панкреатинро барои меъдаам истифода мекунам. Дар интернет навишта шудааст, ки дар таркиби ин дору аз равғани хук истифода мекунанд. Мезим низ ҳамин гуна аст. Вале дар дорухати дохил (коғази дохили дору) чизе аз хук навишта нашудааст. Доруфурӯш мегӯяд, ки ин равғани хук дорад. Чӣ бояд кард? Ба интернет бовар кард ё ба доруфурӯш ё ба дорухат? 

Саволдиҳанда:Абдурраҳмон.

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо метавонед он доруро истеъмол кунед, чунки дар варақаи он дору чизе аз маводи ҳаром навишта нашудааст. Дигар ин ки муолиҷа бо маводи ҳаром иҷозат аст, модоме ки барои бемории шумо дигар давое муфид набошад ва ин ҳам бо тавсияи табиби ҳозиқи мусулмон сурат мегирад.

2016-09-29
5015
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

24.12.2024

More
Fajr06:04
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:13
Isha18:43