Question № 00619

Ба наздикӣ дар Мексика тифле ба дунё омад, ки се волидайн дорад, яъне падару модари худ ва шахси сеюм ба унвони донор. Ҳукми ин тифл аз нигоҳи Ислом чист?

Question:

Салом бародари азиз, бо пешрафти илм олимон ба натиҷаҳои бисёр аҷоиб имрӯзҳо даст меёбанд. Ба наздикӣ дар Мексика тифле ба дунё омад, ки се волидайн дорад, яъне падару модари худ ва шахси сеюм ба унвони донор. Ҳукми ин тифл аз нигоҳи Ислом чист? Барои ҷавоб қаблан сипос! 

Саволдиҳанда:Донишҷӯ

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳамтуллоҳ. Он чи имрӯз дар кишварҳои Ғарб ва Аврупо роиҷ шудааст, ки зану шавҳар дар сурати аз онҳо тифл ба дунё наомадан нутфаҳои худро дар бачадони зани бегонае мегузоранд ва дар натиҷа нутфа дар он инкишоф меёбад, аз дидгоҳи шариати муқаддаси Ислом кори нораво буда, барҳазар намудани мусулмонон аз он ҳатмӣ аст. Чунончи аз Рувайфиъ ибни Собит ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: «Барои касе, ки имон ба Худо ва рӯзи охират дорад, раво нест, ки ба оби худ кишти дигареро обёрӣ кунад». («Сунан»-и Тирмизӣ). Аммо дар сурате ки ин кор бо вуҷуди нораво буданаш сурат гирад, яъне нутфаи марду зан дар бачадони зани бегонае нашъунамо ёбад, фарзанд ба зане нисбат дода мешавад, ки аз ӯ зода шудааст ва низ модари ӯ ҳамон зане аст, ки тифл аз ӯ таваллуд шудааст.

2016-10-03
3509
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38