Question № 00623

Аз масъулони ин сомона хоҳишмандем, ки теъдоди китобҳоро дар китобхонаи сомонаи мазкур зиёд мекарданд

Question:

Ассалому алайкум! 1.Аз масъулони ин сомона хоҳишмандем, ки теъдоди китобҳоро дар китобхонаи сомонаи мазкур зиёд мекарданд.2.Чанд муддат пеш камина ба шумо бо як пешниҳод муроҷиат намуда будам, яъне оиди ворид намудани авқоти макрӯҳот ва субҳи содиқ (барои рӯзагирон) дар варақаи вақти намозҳо, ҳамон масъала чӣ шуд? Оё мавриди баррасӣ қарор дорад?3.Имрӯз рӯзи Душанбе (19.09.2016), дар варақаи вақти намозҳо намози бомдод соати 04:41 - 06:21, агар чунин аст, пас субҳи содиқ соати чанд медамад? Аз ҳама барвақт суннати намози бомдодро соати чанд метавонем хонд? То соати чанд сеюм қисми шаб давом мекунад? Яъне соати 06:21 вақти тулӯъи офтоб бошад? Аз ин вакт то кадом вақт намоз хондан мумкин нест? Дар ҷое шунидаам, ки Паёмбар (с) то тулӯъи офтоб дар масҷид менишастанду баъд ду ракъат намоз мехондад, ки савобаш савоби хаҷ ё умра аст (аниқ дар ёдам нест) пас чунин бошад, ин намоз чӣ ном дорад ва кай (яъне соати чанд?) хонда мешавад ва чӣ тавр ният кард? Илтимос ба саволҳо муфассалтар ҷавоб гардонед ё ба почтаи элеткронӣ ҷавобҳои ин саволҳоро ирсол намоед. Ташаккур! 

Саволдиҳанда:ЮКҲ.

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ ва баракотуҳу. Бародари азиз, корбарони сомона кӯшиш доранд, ки теъдоди китобҳои судманд ва барои ҷомеа заруриро дар китобхона зиёдтар намоянд. Алҳол чанд китоби дигар барои ворид кардан дар китобхона омода шуда истодааст, Худо хоҳад, рӯзҳои наздик пешкаши хонандагони азиз мегардад. Роҷеъ ба суоли дуюми шумо гуфтанием, ки айни замон ба сабабҳои техникӣ имкони ворид кардани авқоти макрӯҳ ва вақти субҳи содиқ дар тақвими сомона вуҷуд надорад, иншоаллоҳ дар оянда ин масъала ҳал хоҳад шуд. Барои касоне, ки рӯза медоранд, чунин тавсия медиҳем, ки дар тақвими сомона охири вақти намози хуфтан нишон дода шудааст, онҳо метавонанд, ки барои эҳтиёт тақрибан 5 дақиқа қабл аз ин вақти нишондодашуда аз хӯрдан фориғ шуда, нияти рӯза кунанд.  Дар тақвими сомона вақти дамидани субҳ ба таври ҷудогона нишон дода нашудааст. Субҳи содиқ дар ҳамон соате медамад, ки аввали вақти намози бомдод нишон дода шудааст. Шумо метавонед, ки дар ин соат суннати бомдодро гузоред. Ҳиссаи сеюми шаб тақрибан аз соати якуним оғоз мешавад ва то дамидани субҳ идома меёбад. Дар аснои тулуъи офтоб ва пас аз он то баланд шудани офтоб ба андозаи ду найза хондани ҳама гуна намоз мамнуъ аст. Баъд аз он шумо ҳар намозеро, ки мехоҳед, гузорида метавонед. Дар ин вақт гузоридани намози чошт мустаҳаб буда, баробари савоби умра аст. Ин намоз нофила аст ва бо нияти  чошт гузорида мешавад.

2016-10-03
5318
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38