Question № 00625
Домуллои азиз, агар мард ба занаш талоқ гӯяд, аз байн ду сол гузашт, боз рафта ҳамхоба шаванд, зино мешавад?
Question:
Ассалому алайкум домуллои азиз, агар мард ба занаш талоқ гӯяд, аз байн ду сол гузашт, боз рафта ҳамхоба шаванд, зино мешавад?
Саволдиҳанда:Парвиз.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, вақте ки мард ба занаш талоқ дод ва иддааш гузашт, (яъне се бор одати моҳона дид) он зан барои шавҳараш бегона мешавад, агар мабодо ҳамхоба шаванд, ин амалашон албатта зино маҳсуб меёбад. Худованд аз ин гуна корҳои зишт нигоҳ дорад.