Question № 00626
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар бораи таъбири хоб маълумот диҳед!
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар бораи таъбири хоб маълумот диҳед!
Саволдиҳанда:Наврӯз.
Answer:
Ва алайкумуссалом бародари азиз. Хоб падидаест, ки илми таъбири онро Худованд ба баъзе бандагонаш арзонӣ медиҳад. Чунончи муаббироне амсоли Ибни Сирин ва Ҷаъфари Содиқ дар илми таъбири хоб машҳур ҳастанд. Аммо ба воситаи хоби касе агарчи соҳиби камолот ҳам бошад, ҳеҷ чизи ҳаром ҳалол ва ҳеҷ чизи ҳалол ҳаром намегардад, яъне ягон ҳукми шаръӣ ба василаи хоб собит намешавад. Аммо хоби паёмбарон ба манзалаи ваҳй буд. Бинобар ин, ҳазрати Иброҳим (а) баъд аз хоб дидан фарзанди худ ҳазрати Исмоил (а)-ро қурбонӣ намуданд. Хобҳое, ки инсон мебинад, се навъ мешаванд: 1. Хобҳои хушоянд, ки аз ҷумлаи неъматҳои илоҳӣ аст ва боиси шодию хушҳолӣ мегардад. 2. Хобҳои нохушоянд, ки аз шайтон аст ва инсонро нороҳат месозад ва давои он паноҳ бурдан ба Худо мебошад. 3. Хобҳои парешон ва бемаъние, ки таъбир надоранд ва шайтон ба воситаи он одамиро бозӣ медиҳад.