Question № 00633
Домуллои азиз, харидани гӯшти гову гӯсфанд аз озарбойҷониҳо ва эрониҳо, ки шиа ҳастанд ва хӯрдани он мумкин аст?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои азиз, харидани гӯшти гову гӯсфанд аз озарбойҷониҳо ва эрониҳо, ки шиа ҳастанд ва хӯрдани он мумкин аст? Ман дидам, ки дар мошинҳояшон сурати ҳазрати Алӣ (р) ҳаст ва онро бӯса мекунанд. Ман дар Русия кор мекунам, раиси коргоҳ озарбойҷонӣ аст. Як рӯз дар вақти намоз аснои азон гуфтан номи Алиро зикр намуд. Ман аз намоз баромадам ва худам алоҳида хондам, зеро дилам хавотир шуд, ки азон набояд ин гуна бошад. Пас аз адои намоз ба ман гуфт, ки чаро бо мо нахондӣ? Гуфтам, ки шумо сурати ҳазрати Алиро бӯса мекунед, ин кор ширк аст. Дар бораи намоз надонистам, ки чӣ гӯям.
Саволдиҳанда:Парвиз.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳар ҳайвони ҳалоле, ки бо гуфтани “Бисмиллоҳ” забҳ карда шавад, хӯрдани он ҷоиз аст, новобаста аз он ки забҳкунанда дар кадом фирқаи исломӣ бошад. Азону иқомат ва тарзи ибодат бояд дар диёри мо мувофиқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) адо карда шавад.