Question № 00636
Оё мусиқӣ ҳаром аст?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё мусиқӣ ҳаром аст?
Саволдиҳанда:Аминҷон.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ ва баракотуҳу. Бародари азиз, ҳамаи анвоъи мусиқӣ ҳаром нест, балки мусиқие, ки барангезандаи шаҳват ва даъват ба фаҳшу бадгӯӣ ва ташвиқ ба гуноҳ бошад, мамнуъ аст, зеро Расули Худо (с) ба Оиша (р) фармуданд: “Духтарро ба онҳо додед?” Гуфт: “Бале”. Он Ҳазрат (с) боз фармуданд: “Оё фарди овозхонеро ҳамроҳи ӯ фиристодед?” Оиша (р) гуфт: “Не”. Расули Худо (с) фармуданд: “Ансор қавме ҳастанд, ки овозхон доранд, кош касеро бо ӯ мефиристодед ва ин сурудро мехонд: “Мо пеши шумо омадем, мо пеши шумо омадем, Худованд мову шуморо саломат нигоҳ дорад””. (Ривояти Ибни Моҷа)