Home Questions and answers Aqida Question № 00657

Question № 00657

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Домуллои азиз, ояти 26-уми сураи Нурро тарҷума ва тафсир кунед.

Question:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Домуллои азиз, ояти 26-уми сураи Нурро тарҷума ва тафсир кунед.

Саволдиҳанда: Амин.


 

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аввал тарҷумаи ояти мазкурро меорем, сипас ба шарҳу тавзеҳи он мепардозем. Худованд мефармояд:

«Занони нопок ба мардони нопок лоиқанд ва мардони нопок ба занони нопок лоиқанд. Ва занони пок ба мардони пок лоиқанд ва мардони пок ба занони пок лоиқанд; ин ҷамоа аз он чи мардум мегӯянд, барианд, барои онҳо омурзиш ва рӯзии некӯ аст». Сураи Нур, ояти 26.

Дар ин оят бар покдомании занони Пайғамбар (с), хусусан модари мӯъминон ҳазрати Оиша (р) таъкид шудааст. Дар охири ин оят ин нукта ошкоро баён шудааст, фақат тарзи баён ба ин гуна аст, ки тамоюли занони нопок ба сӯи мардони нопок ва тамоюли мардони нопок ба сӯи занони нопок аст. Ҳамчунин тамоюли занони покиза ба сӯи мардони покиза ва тамоюли мардони покиза ба сӯи занони покиза аст. Бинобар он ки худи Пайғамбар (с) покизатарини мардони олам аст, модари мӯъминон Оиша (р) низ покизатарини занони олам мебошад. Ибни Аббос (р) дар баёни сабаби нузули ин оят мегӯяд: “Ин оят дар бораи Оиша (р) ва аҳли ифк (гурӯҳе, ки бар ӯ туҳмат зада буданд), нозил шудааст”.

2016-10-29
4498
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

24.12.2024

More
Fajr06:04
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:13
Isha18:43