Question № 00660
Имрӯзҳо дар тӯи арӯсӣ ҷавондухтарон либоси “фата” дар тан мекунанд ва ҷавонписарон онҳоро ба саҳна пеши чашми мардуми тамошобин мебароранд. Оё ин мардҳо даюс мешаванд?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Имрӯзҳо дар тӯи арӯсӣ ҷавондухтарон либоси “фата” дар тан мекунанд ва ҷавонписарон онҳоро ба саҳна пеши чашми мардуми тамошобин мебароранд. Оё ин мардҳо даюс мешаванд?
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Аз дидгоҳи шариати муқаддаси Ислом ва фиқҳи ҳанафӣ риоя кардани либосе, ки андомро аз бараҳнагӣ нигаҳ медорад, ҳатмист. Либоси тангу кӯтоҳе, ки аз пӯшидани он аъзои бадан намоён мегарданд, ҳукми бараҳнагиро дорад. Бинобар ин, аз чунин либосҳо парҳез бояд кард, хусусан дар маҳфилҳо. Агар либоси арӯсӣ тавре дӯхта шудааст, ки аъзои бадани арӯс дида ва ё намоён намешавад, ба тан кардани он ҳеҷ боке надорад ва домод низ даюс намегардад. Аз ҳама беҳтар ва поку ҳалол либоси миллиро, ки дар он ҳаё бошад, дар бар намояд.