Question № 00664
Домуллои азиз, агар ракъати чаҳоруми фарзи ҷамоатро дарёфтӣ, давомашро чӣ гуна мегузорӣ?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Домуллои азиз, агар ракъати чаҳоруми фарзи ҷамоатро дарёфтӣ, давомашро чӣ гуна мегузорӣ?
Саволдиҳанда:Ҳасан.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, агар ракъати чаҳоруми фарзро дарёфтед, баъд аз саломи имом бархоста ду ракъат бо замми сура хонда, менишинед ва “Аттаҳийёт” мехонед, сипас як ракъати дигар бе замми сура гузорида, менишинед ва “Аттаҳийёт”, салавот ва дуои “Аллоҳуммағфир лӣ” мехонед ва салом дода, намозро ба поён мерасонед. Яъне се ракъати масбуқонаро ба монанди намози шом мегузоред.