Question № 00714
Як бародар ба ман суол дода гуфт, ки ту Аллоҳро чӣ хел тасаввур мекунӣ ё медонӣ?...
Question:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Як бародар ба ман суол дода гуфт, ки ту Аллоҳро чӣ хел тасаввур мекунӣ ё медонӣ? Ман гуфтам, ки чи тавре ки дар Қуръон омадааст, ҳамон гуна мешиносем. Далели якум сураи “Ихлос” ва дигар ҳадис аст. Ӯ гуфт, ки ту бояд Аллоҳро бо ақлат шиносӣ. Агар дар ҷавобам хато бошад, ислоҳ кунед.
Саволдиҳанда:Парвиз.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар ин қазия, ки шинохти Худованд ба василаи ақл аст ё нақл, донишмандон ва уламои аҳли суннат ва ҷамоат андешаҳои гуногун доранд. Дидгоҳи Имоми Аъзам (р) ин аст, ки шинохти Худованд ба василаи ақл ҳосил мешавад, аҳкоми шариат бошад, тавассути нақл собит мегардад. Аммо дидгоҳи дигар уламо ин аст, ки Худованд ба воситаи нақл шинохта мешавад. Ногуфта намонад, ки дар масъалаи шинохти Худованд ва тавҳиду ягонагии ӯ оятҳои қуръонӣ фаровон аст. (Шарҳи ақоиди Насафӣ, Таълими Ислом).