Question № 00717
Оё ҳангоми фаро расидани вақти намоз дар мошин ё дарс ва ё ягон кори дигар бошӣ, ки намозро пурра хонда нашавад, аммо танҳо имконияти бе саҷда кардан ва дар як ҷо истода намозро ба дил хондан ҳаст, мумкин аст, ки намозро ба дил бе саҷда гузорам?
Question:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Оё ҳангоми фаро расидани вақти намоз дар мошин ё дарс ва ё ягон кори дигар бошӣ, ки намозро пурра хонда нашавад, аммо танҳо имконияти бе саҷда кардан ва дар як ҷо истода намозро ба дил хондан ҳаст, мумкин аст, ки намозро ба дил бе саҷда гузорам? Ман ба ин ҳолат бисёр гирифтор мешавам, аммо намехоҳам намозро қазо кунам ва ҳамин тавр мехонам. Хубтараш чӣ кор кунам?
Саволдиҳанда:Ҷомиев.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзам (с) хондани намози фарз ҳангоми ҳаракати автобус, қатора, киштӣ ва ҳавопаймо бидуни узр дар ҳолати нишаста ва бо имову ишора саҳеҳ аст. Аммо дар вақти ҳаракати маркаб ва нақлиёт аз қабили аспу хар ва мошине, ки дар ихтиёри шахс қарор дорад, гузоридани намози фарз саҳеҳ нест. Аммо агар дар ихтиёраш набошад, пас то охири вақт интизор мешавад, агар имконият пайдо нашуд, намозашро бо имову ишора мегузорад ва адо мешавад. Бар хилофи намози нофила, ки дар ҳама ҳолат ва ба кадом ҷиҳате, ки бошад, гузоридани он ҷоиз аст. “Фиқҳи муяссар”, 134-135.