Question № 00730
Ман аз рӯзе, ки модарамро аз даст додам, дар ҳар намозам ду ракъат суннат илова мехонам ва ба модарам мебахшам. Ман бо ин корам дар назди Аллоҳ гунаҳкорам?
Question:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Ман аз рӯзе, ки модарамро аз даст додам, дар ҳар намозам ду ракъат суннат илова мехонам ва ба модарам мебахшам. Ман бо ин корам дар назди Аллоҳ гунаҳкорам?
Саволдиҳанда:Узайр.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, шумо ин намозро ба нияти нафл ва ба хотири Худо анҷом дода, савобашро ба модаратон бубахшед. Бо ин амалатон савоб мегиред ва ба модаратон низ нафъ мерасад, зеро дуо ва садақаи зиндагон ба мурдагон фоида дорад. (Шарҳи ақоиди Насафӣ).