Question № 00739
Ман бисёр кӯшиш мекунам, то намозҳоямро доим пойдор нигоҳ дорам. Ният мекунам, ки шабҳоро зинда дорам. Рӯза гирам, аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, ниятҳоямро иҷро карда наметавонам, яъне ба хостаи худ амал карда наметавонам. Лутфан ба ман ягон маслиҳат диҳед. Ман чӣ кор кунам?
Question:
Ассалому алайкум. Ман бисёр кӯшиш мекунам, то намозҳоямро доим пойдор нигоҳ дорам. Ният мекунам, ки шабҳоро зинда дорам. Рӯза гирам, аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, ниятҳоямро иҷро карда наметавонам, яъне ба хостаи худ амал карда наметавонам. Лутфан ба ман ягон маслиҳат диҳед. Ман чӣ кор кунам?
Саволдиҳанда:Иброҳим.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо барои ин нияти хайратон савоб мегиред, зеро дар ҳадиси набавӣ омадааст, ки ҳар касе қасди некӣ карду онро ба анҷом нарасонид, Худои таъоло онро барои вай як некии комил менависад. Лекин шумо ба андозае, ки тавоноӣ доред, саъйу талош намоед, умед аст, ки ниятҳои шумо ҷомаи амал пӯшанд, зеро шариат ҳар мӯъминро ба андозаи қудраташ мукаллаф мегардонад. Барои қавӣ шудани иродаатон салавоту истиғфор зиёд гӯед, иншоаллоҳ иродаатон бо орзуятон мувофиқ мегардад.