Home Questions and answers Namaz Question № 00749

Question № 00749

Саҷдаи тиловат чӣ тавр адо карда мешавад ва кадом оятҳо барои саҷдаи тиловат хонда мешаванд? Намози таҳаҷҷуд чӣ тавр ва кадом вақт хонда мешавад?

Question:

Саҷдаи тиловат чӣ тавр адо карда мешавад ва кадом оятҳо барои саҷдаи тиловат хонда мешаванд? Намози таҳаҷҷуд чӣ тавр ва кадом вақт хонда мешавад?

Саволдиҳанда:Манучеҳр.

Answer:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар чордаҳ ҷои Қуръони маҷид ояти саҷда вуҷуд дорад, ки сураҳо ва оятҳояш инҳоянд: Сураи «Аъроф»: ояти 206, «Раъд»: 15, «Наҳл»: 49, «Исро»: 107, «Марям»: 58, «Ҳаҷ»: 18, «Фурқон»: 60, «Намл»: 25, «Саҷда»: 15, «Сод»: 24, «Фуссилат»: 37, «Наҷм»: 62, «Иншиқоқ»: 21, «Алақ»: 19. Оятҳое, ки дар Қуръони карим дорои саҷдаи тиловат ҳастанд, бо лафзи «саҷда» нишонагузорӣ шудаанд. Шахсе, ки ин оятҳои саҷдаро мехонад ё мешунавад, бар ӯ саҷда воҷиб мегардад. Равиши саҷдаи тиловат чунин аст, ки пас аз хондан ё шунидани ояти саҷда рӯ ба қибла истода, ин гуна ният кунад: “Навайту ан асҷуда саҷдатат-тиловати мутаваҷҷиҳан илал-Каъбати (яъне ният кардам саҷдаи тиловат кунам, рӯ овардам ба қибла) Аллоҳу Акбар” мегӯяд ва як саҷда карда, дар он се ё панҷ ва ҳафт бор “Субҳона Раббиял-Аъло” мегӯяд, сипас Аллоҳу Акбар гуфта, сар аз саҷда мебардорад ва ин дуъоро мехонад: “Саҷадту лир-Раҳмон, ва оманту бир-Раҳмон, фағфир лӣ зунубӣ ё Раҳмон, самиъно ва атаъно, ғуфронака Раббано ва илайкал-масир” (яъне саҷда кардам барои Худои бахшоянда ва ба Ӯ имон овардам, эй Зоти бахшанда, гуноҳони маро биёмурз, шунидему итоат кардем, мағфирати Туро мехоҳем ва бозгаш ба сӯи Туст”. Дар саҷдаи тиловат қироат, ташаҳҳуд ва салом вуҷуд надорад. Намози таҳаҷҷуд дар дили шаб ё қисмати охири шаб аз 4 ракъат то 12 ракъат бо нияти нафл гузорида мешавад. Равиши гузоридани намози таҳаҷҷуд мисли намозҳои маъмулӣ буда, 2-ракъатӣ ё 4-ракъатӣ гузорида мешавад, аммо 2-ракъатӣ авло мебошад.

2016-12-26
24790
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

10.01.2025

More
Fajr06:07
Zuhr12:40
Asr15:29
Maghrib17:26
Isha18:56