Question № 00778

Ҷавони донишҷӯе, ки берун аз ватан таҳсил дорад, ӯ аз дини Ислом бисёр чизҳоро медонад. Ӯ ҳатто медонад, ки зино гуноҳи кабира аст, аммо худ ба зино даст мезанад, баъд “пушаймон шудаам, тавба кардам”

Question:

Ассалому алайкум. Ҷавони донишҷӯе, ки берун аз ватан таҳсил дорад, ӯ аз дини Ислом бисёр чизҳоро медонад. Ӯ ҳатто медонад, ки зино гуноҳи кабира аст, аммо худ ба зино даст мезанад, баъд “пушаймон шудаам, тавба кардам” мегӯяд, аммо дере нагузашта боз ба ин кор даст мезанад. Бисёр ғамгин мегардад, ҳатто ба худкушӣ даст заданӣ мешавад, ки вай тавба карда буд, чӣ хел боз ба ин гуноҳ даст зад. Агар сидқан тавба кунад, Худованд ин ҷавонро мебахшад?

Саволдиҳанда:Азар.

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, касе гуноҳи кабира кунад ва бидуни тавба бимирад, тибқи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат ин шахс дар машиат ва ихтиёри Худованд қарор дорад, агар хоҳад, ӯро ба фазлаш мебахшад ва агар хоҳад, ба адлаш ӯро азоб мекунад. Вале агар ин шахс аз гуноҳи худ тавбаи насуҳ (тавбае, ки ҳаргиз ба он гуноҳ даст назанад) ва содиқона кард, Худованд тавбаашро мепазирад ва ӯро ба раҳматаш меомурзад, зеро Расули гиромӣ (с) фармудаанд: “Тавбакунанда аз гуноҳ ҳамчун касе аст, ки гӯё гуноҳе накардааст”. (“Фиқҳи акбар”, “Зодут-толибин”).

2017-01-08
3100
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38