Question № 00800

Мегӯянд, ки дар вақти саҷда ба Худо наздиктар мешавем ва дар он вақт дуо кунед, зуд қабул мешавад. Мегуфтед, ки дар ҳолати саҷдаи намоз дуо кунем, ҷоиз аст ё ин ки алоҳида саҷда мекунем. Дар бораи қабули дуо пурра мефаҳмондед.

Question:

Ассалому алайкум домулло. Мегӯянд, ки дар вақти саҷда ба Худо наздиктар мешавем ва дар он вақт дуо кунед, зуд қабул мешавад. Мегуфтед, ки дар ҳолати саҷдаи намоз дуо кунем, ҷоиз аст ё ин ки алоҳида саҷда мекунем. Дар бораи қабули дуо пурра мефаҳмондед.

Саволдиҳанда: Муҳибҷон.

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ дар намозҳои фарз дар ҳолати рукуъ ё саҷда илова ба тасбеҳоти он зиёда кардани чизе дуруст нест. Вале дар намозҳои нофила илова ба тасбеҳоти мазкур дуои дигар кардан аз қабили омурзиши гуноҳон хостан, талаби ҷаннат ва хайру баракат, дурӣ аз гуноҳон ва аъмоли ношоиста ва паноҳ ҷустан аз дӯзах боке надорад ва умед аст, ки иҷобат шавад. Шарти асосии қабул шудани дуо парҳез аз ҳарому шубҳа, ҳузури қалб, ихлоси комил ва яқин доштан ба иҷобати он аст, зеро Расули Худо (с) фармудаанд:

" ادْعُوا اللَّهَ وَأَنْتُمْ مُوقِنُونَ بِالإِجَابَةِ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ لاَ يَسْتَجِيبُ دُعَاءً مِنْ قَلْبٍ غَافِلٍ لاَهٍ ".

“Аз Худо бихоҳед дар ҳоле ки шумо ба иҷобати дуоятон яқин доред ва бидонед,  ки Худованд дуоеро аз қалби ғофил ва бепарво намепазирад”. (Ривояти Тирмизӣ)  

2017-01-17
3131
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

03.05.2024

More
Fajr03:44
Zuhr12:40
Asr17:25
Maghrib19:30
Isha21:00