Question № 00809

Ба Шумо чанд суол дорам. 1. Оиди “Сидратул-мунтаҳо” маълумот медодед. 2. Оё оиди охирин ояти нозилшуда ягон маълумоте ҳаст? 3. Маслиҳат медодед, ки кадом китобро бисёртар мутолиа намоям, то ки оиди аҳкоми намоз, таҳорат, рӯза ва закот маълумот пайдо кунам.

Question:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ домуллои азиз. Ба Шумо чанд суол дорам. 1. Оиди “Сидратул-мунтаҳо” маълумот медодед. 2. Оё оиди охирин ояти нозилшуда ягон маълумоте ҳаст? 3. Маслиҳат медодед, ки кадом китобро бисёртар мутолиа намоям, то ки оиди аҳкоми намоз, таҳорат, рӯза ва закот маълумот пайдо кунам. Дар амони Худо бошед.

Саволдиҳанда: Султон.

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, он чи дар бораи “Сидратул-мунтаҳо” гуфта шудааст, ин аст, ки он номи дарахтест дар наздики ҷаннат, ки баргҳо ва меваҳои хеле бузург дорад. Он мақоме аст, ки мунтаҳои аъмоли мардум ва ниҳояти расидани илми ҳар пайғамбари мурсал ва фариштаи муқарраб мебошад. Ҳеҷ кас ба ҷуз Пайғамбар (с) аз ин мақом нагузаштааст, чунончи дар ҳадиси меъроҷ муфассал баён шудааст. Шайх Саъдии Шерозӣ (р) дар муқаддимаи “Бӯстон” мегӯяд:

Шабе барнишаст, аз малак даргузашт,

Ба тамкину ҷоҳ аз малак даргузашт.

Чунон гарм дар тиҳи қурбат биронд,

Ки дар Сидра Ҷабраил аз ӯ бозмонд.

Бад-ӯ гуфт солори Байтул-ҳаром,

Ки: “Эй ҳомили ваҳй, бартар хиром”.

Бигуфто: “Фаротар маҷолам намонд,

Бимондам, ки неруи болам намонд.

Агар як сари мӯе бартар парам,

Фурӯғи таҷаллӣ бисӯзад парам”.

Охирин ояти нозилшуда аз Қуръон ояти 281-уми сураи “Бақара” аст, ки Худованд дар он фармудааст: “Ва аз он рӯз ҳазар кунед, ки дар он ба сӯи Худо бозгардонида мешавед, пас ба ҳар кас он чи амал кардааст, тамом дода шавад ва онҳо ситам карда нашаванд”.Шумо барои огоҳӣ пайдо кардан аз аҳкоми намозу рӯза, закот ва дигар масоили шаръӣ метавонед китоби “Фиқҳи муяссар” ё ки “Фиқҳи исломӣ”-ро мутолиа кунед.

2017-01-24
3344
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38