Question № 00081
Ман мехоҳам динамро пурратар бидонам, намозу Қуръонро ёд гирам ба кадом олими исломӣ муроҷиат кунам то ки ба ман қоидаҳои намозу Қуръон ва ислом ёд диҳад?
Question:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Ман мехоҳам динамро пурратар бидонам, намозу Қуръонро ёд гирам. Ман дар ш. Душанбе зиндагӣ мекунам ва намедонам ба кадом олими исломӣ муроҷиат кунам, то ки ба ман қоидаҳои намозу Қуръон ва ислом ёд диҳад. Агар ёрдам мекардед, хеле миннатдор мешудам. Сомон.
Answer:
Бародари азиз, Шумо метавонед барои аз худ кардани қоидаҳои намозу омўхтани Қуръон ба яке аз имомхатибони масоҷиди ҷомеъи маҳалатон муроҷиат кунед, иншоаллоҳ хоҳишатон амалӣ мешавад.