Question № 00813
Дар китобе хондам, ки ҳангоми дохил шудан ба масҷид қабл аз нишастан намози таҳийяи масҷидро мехонӣ. Оё баъд аз вузӯ кардан то шуруъи намози фарз дар масҷид аввал намози шукри вузӯ, сипас таҳийяи масҷид мехонӣ ва ё ки баръакс?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Миннатдории худро ба ташкилкунандагони торнома мерасонам. Худо аз Шумо розӣ бошад. Дар китобе хондам, ки ҳангоми дохил шудан ба масҷид қабл аз нишастан намози таҳийяи масҷидро мехонӣ. Оё баъд аз вузӯ кардан то шуруъи намози фарз дар масҷид аввал намози шукри вузӯ, сипас таҳийяи масҷид мехонӣ ва ё ки баръакс? Дар паноҳи Худо бошед.
Саволдиҳанда: Давлат.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар ин ҳолат аввал намози таҳийяи масҷид мегузорӣ, сипас агар хоҳӣ, намози шукри вузӯ мегузорӣ, зеро намози шукри вузӯ мустаҳаб аст. (“Фиқҳи муяссар”, 49-51).