Question № 00824
Узр барои кунҷкобиам, вале мардум мегӯянд, ки баъд аз хӯрдани семечка (офтобдӯст) дандон аз зикр мемонад ва дар дохили жвачка (сақич) равғани хук вуҷуд дорад. Хоҳиш мекунам, дар ин масъала пурра равшанӣ андозед.
Question:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Узр барои кунҷкобиам, вале мардум мегӯянд, ки баъд аз хӯрдани семечка (офтобдӯст) дандон аз зикр мемонад ва дар дохили жвачка (сақич) равғани хук вуҷуд дорад. Хоҳиш мекунам, дар ин масъала пурра равшанӣ андозед. Миннатдорам.
Саволдиҳанда: Фарҳод.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳамаи пайвандҳои инсон зикр мекунанд ва ба сабаби хӯрдани донаи офтобдӯст аз зикр намемонанд. Барои донистани таркиби сақичҳои имрӯз бояд ба тамғаи он назар кард, агар таркиби он равғани хук дошта бошад, пас истифодаи он дуруст нест. Истифодаи сақич барои мардон бидуни узр макрӯҳ аст. (“Ҳидоя”, ҷ. 1, с. )