Question № 00846
Рӯзи ҷумъа буд, як ҳоҷӣ ё домулло аз роҳ мегузашт ва ба намози ҷумъа мерафт. Аз ман пурсид, ки имрӯз кадом рӯз аст. Гуфтам, ки ҷумъа аст. Дар бораи намози ҷумъа камтар насиҳат кард...
Question:
Ассалому алайкум. Рӯзи ҷумъа буд, як ҳоҷӣ ё домулло аз роҳ мегузашт ва ба намози ҷумъа мерафт. Аз ман пурсид, ки имрӯз кадом рӯз аст. Гуфтам, ки ҷумъа аст. Дар бораи намози ҷумъа камтар насиҳат кард, сипас номамро пурсид. Гуфтам: Фаррух. Он шахс гуфт: «Ё наузу биллоҳ, агар ин номат намебуд, ту олим мешудӣ». Ин гуфтаи он шахс чӣ маъно дорад?
Саволдиҳанда: Фаррух
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, он нафаре, ки аз номи шумо нафрат карда, ин суханро гуфтааст, мақсудашро худаш медонад. Ба ҳар ҳол сухани он шахс асоси илмӣ надорад, зеро номи инсон ба олиму доно шудан ҳеҷ рабте надорад ва монеъи он ҳам нест. Хусусан номи Фаррух, ки ба маънои муборак ва зебочеҳра аст ва аз нигоҳи шариат комилан дуруст аст. Аз ин сухани он нафар хотири шумо набояд мушавваш гардад.