Question № 00866
Аз ашхоси мутасаддии ин сомона хоҳиш ва илтимос менамоям, ки тарҷумаи дуои хатми Қуръонро, ки асосан дар бисёр нусхаҳои Қуръон омадааст, пешкаши мо мекардед.
Question:
Ассалому алайкум! Домуллои муҳтарам аз шумо ва аз ашхоси мутасаддии ин сомона хоҳиш ва илтимос менамоям, ки тарҷумаи дуои хатми Қуръонро, ки асосан дар бисёр нусхаҳои Қуръон омадааст, пешкаши мо мекардед. Дуои мазкур дар ду варақи охири Қуръон омадааст ва чунин оғоз мешавад: «Аллоҳуммарҳамнӣ бил-Қуръон...”, дуои пеш аз охиронаш “Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор” мебошад. Медонам, ки кори шумо тарҷумонӣ нест ва ҳаҷми ин дуо нисбатан калон аст, лекин фикр мекунам аз манфиату савоб холӣ нахоҳад буд. Қаблан сипосгузорам!
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, қаблан барои ин пешниҳоди судмандатон ба шумо ташаккур мегӯем ва инак тарҷумаи дуои хатми Қуръонро пешкаши шумо ва ҳамаи хонандагони гиромиқадр медорем, умед аст, ки барои ҳамагон муфид ва мояи хайру баракати дорайн бошад. ДУОИ ХАТМИ ҚУРЪОН: Худоё! Ба шарофати Қуръон маро бибахшой, онро барои ман роҳнамову нур ва василаи ҳидояту мояи раҳмат қарор бидеҳ. Худоё! Ҳар чизеро аз он фаромӯш кардам, ба ёдам овар ва ҳар он чиро, ки надонистам, ба ман биёмӯз, дар соатҳои шабу рӯз тиловати онро рӯзиям гардон ва онро барои ман ҳуҷҷате қарор бидеҳ. Худоё! Дини маро ислоҳ кун, ки ҳифзи кори ман дар он аст, дунёямро ислоҳ кун, ки рӯзии ман дар он аст, охиратамро ислоҳ кун, ки бозгашти ман ба он аст ва зиндагиро бароям сабаби афзунии корҳои хайр ва маргро василаи роҳатам аз тамоми бадиҳо бигардон. Худовандо! Беҳтарин даврони зиндагиамро поёни умр, беҳтарин амаламро хотимаи он ва беҳтарин рӯзамро рӯзе бигардон, ки дар он бо Ту дидору мулоқот мекунам. Худовандо! Зиндагие покиза, марге солиму муътадил ва бозгаште дур аз шикасту расвоӣ аз Ту хосторам. Худовандо! Беҳтарин дархосту дуо ва беҳтарин комёбӣ, беҳтарин илму амалу беҳтарин подош, беҳтарин зиндагӣ ва беҳтарин маргро аз Ту мехоҳам, маро собитқадам бидор ва каффаи некиҳоямро сангин бигардон, имонамро муҳаққақ соз ва дараҷаамро баланд гардон, намозамро бипазир ва лағзишҳоямро биёмурз, дараҷоти болои биҳиштро аз Ту хосторам. Худовандо! Василаҳои раҳмату мағфират, саломатӣ аз ҳама гуноҳҳо, ғанимати анҷоми ҳама некиҳо, расидан ба биҳишт ва наҷот аз оташи ҷаҳаннамро аз Ту хосторам. Худовандо! Оқибати моро дар ҳама умур нек бигардон ва моро аз хорию расвоии дунё ва азоби қабр нигаҳ дор. Худовандо! Тарси худатро ба андозае насиби мо бигардон, ки ба василаи он байни мо ва лағзишҳоямон ҷудоӣ афканӣ, аз тоати худат ба андозае насиби мо бигардон, ки моро ба василаи он ба биҳишт бирасонӣ, аз яқин ба андозае насиби мо бигардон, ки мусибатҳои дунёро ба василаи он бар мо осон гардонӣ. Худовандо! То вақте ки зиндаем, моро аз шунавоӣ, биноӣ ва неруҳоямон баҳраманд бидор ва онҳоро вориси мо бигардон, интиқоми моро аз касе, ки ба мо зулм карда, биситон ва моро бар душман ёрӣ деҳ, мусибатҳоямонро дар динамон магардон, дунёро бузургтарин ҳадаф ва ниҳояти илми мо қарор мадеҳ ва касеро, ки ба мо раҳм намекунад, бар мо мусаллат магардон. Худовандо! Гуноҳеро аз мо магузор, магар ин ки онро биёмурзӣ, на андӯҳеро, магар ин ки дар он кушоиш қарор диҳӣ, на қарзеро, магар ин ки онро адо кунӣ ва на ҳоҷатеро аз ҳоҷатҳои дунявӣ ва ухравӣ, магар ин ки онро бароварда созӣ, эй Меҳрубонтарин меҳрубонон! Парвардигоро! Ба мо дар дунё некӣ ато кун ва дар охират некӣ арзонӣ фармо ва моро аз азоби оташ нигоҳ дор. Худованд ба Паёмбари мо Муҳаммад (с) ва ба хонадону ёрони некукораш дуруду саломи фаровон фиристад.