Question № 00877
Лутфан бигӯед, ки ишқ нисбати зан рост аст ё дурӯғ ва дар дини муборакамон чӣ ҳукмеро дорост? Бархе бар он ақидаанд, ки ишқ дурӯғ буда асосе надорад! Шарҳи шуморо дар ин бора фаҳмидан мехоҳам.
Question:
Ассалому алайкум домуллои муҳтарам! Лутфан бигӯед, ки ишқ нисбати зан рост аст ё дурӯғ ва дар дини муборакамон чӣ ҳукмеро дорост? Бархе бар он ақидаанд, ки ишқ дурӯғ буда асосе надорад! Шарҳи шуморо дар ин бора фаҳмидан мехоҳам. Миёни ҷавонон ин қазияҳо (ошиқӣ) зиёд буда, сабаби худкушии духтарон шуда истодааст ва тамаддуни асили аҷдодиамонро ба торикӣ оварда мерасонад. Лутфан дар ин масъала равшанӣ андозед! Бо эҳтиром дар ҳаққатон дуогӯям, муфтии азиз!
Саволдиҳанда: Лутфулло
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ишқ ва дӯст доштан аз сиришт ва табиати башарӣ аст ва инсонро дар он ҳеҷ ихтиёре нест. Аз нигоҳи дини мубини Ислом муҳим он аст, ки инсон ба хоҳишоти нафсонии худ пайравӣ накунад ва ҳар чиро, ки шариат манъ кардааст, худро аз он нигоҳ дорад. Масалан, шахсе, ки мехоҳад занеро ба никоҳи худ дарорад ва ӯро ҳамсари худ қарор диҳад, фақат метавонад, ки ӯро бубинад ва он ҳам дар хилват набошад, баъд аз издивоҷ метавонад, ки ишқи поки худро фидои ҳамсараш кунад. Он ишқбозие, ки имрӯзҳо дар ҷомеаи мо вуҷуд дорад, онро набояд ишқ номид, зеро аз нигоҳи ақлу нақл ишқи поку ҳақиқӣ интихоби ҳамсари муносиб ва пеш бурдани зиндагии занушавҳарӣ дар доираи дастуроти шариат мебошад. Мутаассифона, чунонки шумо зикр намудед, ин гуна “ишқ”-ҳое, ки имрӯзҳо мушоҳида мешаванд, сабаби худкушӣ ва аз байн рафтани фарҳанги миллӣ шуда истодааст. Вақте ки муҳаббати Худо дар дили шахс набошад ва аз илму маърифат ва фарҳанги волои инсонӣ баҳрае набурда бошад, ба ҳар кори нораво ва ғайриахлоқӣ даст мезанад. Худованд ба ҳамаи мо ҳидояти комил ва тавфиқи аъмоли неку арзонӣ фармояд.