Home Questions and answers Namaz Question № 00881

Question № 00881

Дар амри маъруфе гуфтанд, ки агар мӯъмин бе узр дар намози ҷумъа иштирок накунад, гуноҳ аст, ба ҷуз ашхоси узрдор аз қабили бемор, бандӣ ва ғайра. Ман худ муаллим ҳастам ва дарсам дар басти дуюм аст. Аз ин сабаб дар намози ҷумъа иштирок карда наметавонам.

Question:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Дар амри маъруфе гуфтанд, ки агар мӯъмин бе узр дар намози ҷумъа иштирок накунад, гуноҳ аст, ба ҷуз ашхоси узрдор аз қабили бемор, бандӣ ва ғайра.  Ман худ муаллим ҳастам ва дарсам дар басти дуюм аст. Аз ин сабаб дар намози ҷумъа иштирок карда наметавонам. Оё ин узр ҳаст? 

Саволдиҳанда: Муҳаммалалӣ

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дуруст аст, ки инсон бидуни узр ба намози ҷумъа наояд, гунаҳгор мешавад, вале наомадани шумо узр ҳисоб мешавад, зеро ки шумо дар ихтиёри худ нестед. (“Фиқҳи муяссар”, с. 114-115) 

2017-02-16
3558
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

10.01.2025

More
Fajr06:07
Zuhr12:40
Asr15:29
Maghrib17:26
Isha18:56