Question № 00894
Мо дар сомонаи “Одноклассники” аввалин гурӯҳро бо номи “Саволу ҷавоб – Маркази исломии Тоҷикистон” кушодем. Мехоҳем мардумро ба ин кори савоб ҷалб намоем ва илми онҳоро каме ҳам бошад, зиёдтар намоем.
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Домуллои муҳтарам, мо дар сомонаи “Одноклассники” аввалин гурӯҳро бо номи “Саволу ҷавоб – Маркази исломии Тоҷикистон” кушодем. Мехоҳем мардумро ба ин кори савоб ҷалб намоем ва илми онҳоро каме ҳам бошад, зиёдтар намоем. Ин ҳама бо роҳнамоӣ ва кумаки Шумост, агар розӣ бошед, корамонро идома диҳем. Дар ҳаққамон дуогӯ бошед.
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аввалан ин иқдоматонро бо қонунҳои мавҷудаи кишвар мувофиқа намуда, сипас ба Маркази исломӣ пешниҳодоти худро ирсол доред. Пас аз мувофиқаи Маркази исломӣ шумо метавонед, ки ба ин кори хайр идома диҳед.