Question № 00903
Баъд аз намози аср Қуръон хондан мумкин аст ё на.Кӯдаки навзодро рӯбинакӣ медиҳанд, ҳамин ягон асос дорад. Дар масҷид дар пеши ҷамоат об мегузоранд, асосашро илтимос фаҳмонед.
Question:
Ассалому алайкум домуллои азиз. 1. Баъд аз намози аср Қуръон хондан мумкин аст ё на. 2 Кӯдаки навзодро рӯбинакӣ медиҳанд, ҳамин ягон асос дорад. 3. Дар масҷид дар пеши ҷамоат об мегузоранд, асосашро илтимос фаҳмонед.
Саволдиҳанда Сироҷиддин
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, Қуръон хондан дар ҳама вақт иҷозат ва боиси аҷру савоб аст. 2. Рӯбинаки кӯдакон, ки дар баъзе манотиқи кишвар маъмул аст, ба усули мазҳаб ҳеҷ мухолифат надорад, ин аз урф аст ва кори хайр мебошад. 3. Дар баъзе масҷидҳо маъмул шудааст, ки рӯзҳои ҷумъа дар пеши саффи ҷамоат об мегузоранд, ин кор низ ҳеҷ ҳараҷе надорад, зеро масҷид макони зикру тасбеҳ ва тиловати Қуръон мебошад, хусусан дар рӯзҳои ҷумъа, ки ба сабаби издиҳоми ҷамоат хайру баракат нозил мешавад. Бинобар ин, мардум ба нияти ҳусули шифо ва дарёфти хайру баракат ин корро анҷом медиҳанд.