Question № 00911
Имрӯз дар дуконҳои мо мурғҳо ва ҳасибҳои воридотӣ бисёранд, оиди истеъмоли ин гуна ғизоҳо бо далелҳо посух мегуфтед.
Question:
Суол: Ассалому алайкум домуллои азиз. Якчанд суол дорам: 1. Имрӯз дар дуконҳои мо мурғҳо ва ҳасибҳои воридотӣ бисёранд, оиди истеъмоли ин гуна ғизоҳо бо далелҳо посух мегуфтед. 2. Рост истода пешоб кардан ҷоиз аст ё на? 3. Имрӯз мардуми бисёр намоз мехонанд, вале ба фарзу суннат ва воҷибу мустаҳаби намоз аҳамият намедиҳанд. Намози ин гуна шахсон аз нигоҳи Ислом чигуна аст? 4. Даюс чигуна шахсро мегӯянд, тавбаи даюс қабул мешавад ё на? 5. Оё шахсе, ки намоз намехонад ва баъд аз таом хӯрдан дуо мекунад, дуруст аст ё на? 6. Ҳазрати Одам (а) барои зиёд шудани насли инсоният фарзандонашро бо ҳамдигар никоҳ кард, ин дуруст аст ё на? Худованд илми Шуморо зиёд гардонад.
Саволдиҳанда Ибодулло
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, Мурғҳо ва ҳасибҳое, ки аз хоричи кишвар ворид мешаванд, агар дорои тамғаи “ҳалол” бошанд, истифодаи онҳо чоиз аст. Агар шумо дар онҳо шубҳа дошта бошед, хуб аст, ки истеъмол накунед. 2. Рост истода пешоб кардан дар ҳолати зарурат ҷоиз аст, вагарна кароҳият дошта, хилофи каромати инсонӣ мебошад. 3. Дар бораи масоили ибодат бояд ҳар як шахс худ суол кунад ва ҷавоби мушаххас ва муносиби ҳолаш дода шавад. Агар яке аз фарзҳои намоз қасдан ё саҳван тарк шавад, намоз ботил мегардад, агар воҷибе тарк шавад, бо саҷдаи саҳв ҷуброн мегардад. Агар суннате ё мустаҳабе тарк шавад, намоз бо кароҳият дуруст мешавад. 4. Даюс шахсеро мегӯянд, ки аҳли оилааш, яъне зану духтар ва дигар маҳрамонашро мебинад, ки ҳудуди шариатро риоя намекунанд, вале ба ин парвое надорад. Дар хабарҳо омадааст, ки даюс дар рӯзи қиёмат ҳамроҳи шайтон дар дӯзах якҷо мебошанд. Агар даюс сидқан тавба кунад, умед аст, ки тавбааш пазируфта шавад, зеро Худованд ғайр аз ширк ҳама гуноҳро меомурзад. баъд аз таом дуо кардан мустаҳаб аст, аммо гузоридани намоз фаризаи илоҳӣ аст. 5. Касе, ки намоз намегузорад, дуо кардани ӯ пас аз таом дуруст аст ва умед аст, ки рӯзе тавфиқ рафиқи ӯ шавад ва ин фаризаи илоҳиро ба ҷо орад. 6. Издивоҷи фарзандон бо якдигар дар замони Одам (а) машруъ буд, вале ин издивоҷ ба шарте раво буд, ки писару духтар аз як батн таваллуд наёфта бошанд. Дар китобҳои таърих зикр шудааст, ки фарзандони Одам (а) аз ҳар батне дугоник таваллуд мешуданд, ки яке писар буду дигаре духтар. Пас, Худованд ба Одам (а) амр намуд, ки ба ҳар писаре хоҳари ҳамбатни бародарашро никоҳ карда диҳад, на хоҳареро, ки ҳамроҳи ӯ аз як батн таваллуд шуда бошад. Тавре мебинем, дар шариати Одам (а) ҳам барои бародар хоҳари ҳамбатнаш ҳалол набуд. Аз сабаби он ки дини Ислом ҳукми шариати пайғамбарони пешинро бекор намудааст, аз ин рӯ, дар дини Ислом никоҳи маҳрамон ҳаром аст.