Question № 00918

Солшумории мо аз кадом вақт сар шудааст? Аз рӯи гуфтаҳо рӯзи 7-уми март оғози даромадани соли нави мусулмонон аст?

Question:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои азиз, ду суол дорам: 1. Солшумории мо аз кадом вақт сар шудааст? 2. Аз рӯи гуфтаҳо рӯзи 7-уми март оғози даромадани соли нави мусулмонон аст? Ҷавоби мушаххас медодед. Худо нигаҳбони аҳли Шумо бошад.

Саволдиҳанда Абдулҳамид

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, солшумории мусулмонӣ аз замони ҳиҷрати Расули акрам (с) аз Макка ба Мадина оғоз шудааст. Ин солшуморӣ дар замони хилофати ҳазрати Умар (с) бо машварати ӯ ва иҷмоъи саҳоба ҷорӣ мегардад. Аввали соли ҳиҷрии қамарӣ аз моҳи Муҳаррам шуруъ мешавад ва аз солшумории шамсӣ 11 рӯз фарқ дорад, зеро бар асоси ҳаракати Моҳ дар мадори худ ҳисоб мешавад. 2. Мутобиқи тақвими ҳиҷрии қамарӣ ҳоло моҳи Ҷумодал-ухро, яъне моҳи шашуми соли 1438 аст. Бинобар ин, оғози соли нави мусулмонӣ на 7-уми март, балки пас аз шаш моҳи дигар хоҳад буд. Ногуфта намонад, ки соли нави шамсӣ аз моҳи Ҳамал шуруъ мешавад ва ҳар сол ба рӯзи 21-уми март рост меояд.

2017-03-01
4873
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38