Home Questions and answers Aqida Question № 00092

Question № 00092

Чаро дар гӯши навзод азону қомат мегӯянд?

Question:

Домуллои муҳтарам, илтимос ба мо мегуфтед , ки Чаро дар гӯши навзод азону қомат мегӯянд? Бо эҳтиром, бародари Шумо, Фозилҷон аз Ҳисор.

Answer:

Нахустин амале, ки бояд падару модар баъд аз таваллуди тифл анҷом диҳанд, азон гуфтан дар гӯши рост ва иқомат гуфтан дар гӯши чапи ӯ мебошад. Ҳикмати ин дастури Пайғамбар (с) дар таълиму тарбияи тифлон ин аст, ки аввалин бор ба гӯши навзод бояд лафзи поки «Аллоҳ» гуфта шавад. Расули акрам (с) нисбат ба набераашон ҳамин амалро дастур додаанд, чунончи, дар ривояте омадааст:

«Ҳангоме ки Ҳасан ибни Алӣ (р) таваллуд шуд, Расули Худо (с) дар гӯши ӯ азон гуфтанд». (Ривояти Аҳмад, Абӯдовуд ва Тирмизӣ)

Азон гуфтан дар гӯши навзод ҳикматҳои зиёд дорад. Аз ҷумла:

а) азон яке аз шиорҳои Ислом мебошад.

б) гуфтани азон нишонаи эъломи дини Муҳаммад (с) аст.

в) калимоти азон, ки бори нахуст ба гӯши навзод мерасад, баёнгари бузургию азамати Парвардигор ҳастанд.

г) дар оғози рушду нумӯи кӯдак шайтон ба ӯ азияту озор мерасонад, аммо бо гуфтани азон шайтон аз ӯ мегурезад.

д) аз ҷиҳати дигар низ ба манзалаи талқини шаҳодат дар охири умри ӯст».

Хулоса, азон гуфтан дар гӯши навзод як суннати Пайғамбар (с) аст, ки дар қалбу зеҳни ӯ таъсир мегузорад, агарчи кӯдак аз фоидаҳои он бехабар аст ва онҳоро дарк намекунад, вале баъдтар ин фоидаҳоро дар давоми зиндагияш эҳсос мекунад.

2015-05-30
5483
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

23.11.2024

More
Fajr05:38
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:10
Isha18:40