Home Questions and answers Family Question № 00925

Question № 00925

Оё талоқи маҷбурӣ талоқ ҳисоб мешавад ё на? Падару модарам ба ман гуфтанд, ки агар талоқи занатро надиҳӣ, аз хона баромада рав, вагарна оқат мекунем.

Question:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Оё талоқи маҷбурӣ талоқ ҳисоб мешавад ё на? Падару модарам ба ман гуфтанд, ки агар талоқи занатро надиҳӣ, аз хона баромада рав, вагарна оқат мекунем. Ман муддати се моҳ қабул накардам, дигар аз ҷанги падару модар тоқат накардам ва маҷбур шуда гуфтам. Айни ҳол ҳамсарам ҳомила аст. Пас аз таваллуд карданаш талоқи мо бурида мешавад ё на?

Саволдиҳанда: Ҷамшед

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи дини Ислом талоқ амале аст, ки аз он арши илоҳӣ ба ларза меояд, чунки Худованд ин амалро намеписандад. Падару модари оқил набояд, ки фарзанди худро ба талоқ додани ҳамсараш маҷбур намоянд. Агар дар ҳамсар ягон айбе ва хислати баде бошад, онро бояд бо равиши нек ва насиҳатомез ислоҳ кунанд, на ин ки хонаи ободи фарзандашонро вайрон созанд ва набераҳояшонро бесарпараст гузоранд. Барои посухи мушаххас гирифтан ба суоли худ шумо метавонед, ки ба Раёсати фатво муроҷиат кунед, зеро дар суолатон лафзи талоқро дақиқан баён накардаед.

2017-03-04
3926
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

06.01.2025

More
Fajr06:07
Zuhr12:40
Asr15:24
Maghrib17:22
Isha18:52