Home Questions and answers Aqida Question № 00093

Question № 00093

Маънои «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ» чист ва чӣ фазилат дорад?

Question:

Маънои «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ» чист ва чӣ фазилат дорад? Бо эҳтиром, бародари Шумо, Фируз аз Душанбе.

Answer:

Маънои «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ» чунин аст: Нест тавоноие ва нест қудрате, магар ба ёрии Худованд. Яъне банда аз маъсият бозгаште надорад, магар ба исмати Худованд ва бар тоати Худованд тавоноӣ ҳам надорад, магар ба тавфиқи Худованд. Имом Нававӣ мегӯяд: «Мафҳуми ин калима таслим шудан ва тафвиз (вогузор кардани корҳо ба Худованд)-ро ифода мекунад, яъне банда молики ҳеҷ чизе нест ва ӯ дар дур кардани бадӣ ҳилае ва дар ҷалби некӣ ҷуз ба ирода ва хости Худованди мутаъол қуввате надорад.

Дар фазилати ин калима аз Абӯмӯсои Ашъарӣ (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) бароям фармуд: «Оё туро ба ганҷе аз ганҷҳои биҳишт роҳнамоӣ накунам?». Гуфтам: «Оре, эй Расули Худо (с). Фармуд: «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ».

2015-05-30
6649
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

25.12.2024

More
Fajr06:05
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:13
Isha18:43